Кӯмак барои хисоботи электронӣ шакли 1-Хизматрасонӣ(моҳона)

1. Барои ворид шудан ба ҳисоботи электронӣ аз сомонаи www.stat.tj тугмачаи "Утоқи шахсии ҳисоботсупоранда" ро пахш намоед

2. Барои дохилшави ба барнома «Номи истифодабаранда» ва «Рамз»-и худро дохил намоед.

3. Барои дохил карданаи ҳисоботи 1-Хизмат(моҳона) аз менюи “Доҳилкунии ҳисоботҳо” пункти “Шакли 1-Хизмат(моҳона)” -ро интихоб намоед.

4. Баъд метавонед маълумотҳои ҳисоботро ба ҷадвалҳои шакли ҳисоботӣ дохил намоед.

5. Баъди дохил кардани ҳамаи маълумотҳои ҳисобот тугмаи “Сабткунӣ”-ро пахш намоед

6. Дар вақти сабткунӣ барнома ҳамаи санҷишҳои мантиқиро тафтиш менамояд. Ҳангоми пайдо шудани иштибоҳ (хатогӣ) маълумоти пурраро пешниҳод менамояд. Шумо бояд иштибоҳро бартараф намуда аз нав тугмаи “Сабткунӣ”-ро пахш намоед.

7. Агар ҳамаи иштибоҳҳо бартараф карда шуда бошанд, пас маълумот бо муваффақият сабт мегардад

8. Барои дидани маълумотҳои сабтгаштаи ҳисоботи 1-Хизмат(моҳона) аз менюи “Ҷустуҷӯи ҳисоботҳо” пункти “1-Хизмат(моҳона)” -ро интихоб намоед.

9. Дар равзанаи ҷустуҷӯ аввал ва охири давраи ҳисоботро дохил карда тугмаи “Просмотр”-ро пахш намоед.

10. Барои тағйир додани ҳисобот тугмаи "тағйирдиҳӣ"-ро пахш намоед.

11. Аз пайдо шудани равзана "Намуди хисобот"-ро "Ислоҳотӣ" гиред.

12. Баъди даровардани ислоҳот тугмаи “Сабткунӣ”-ро пахш намоед.

13. Барои чоп кардани ҳисобот тугмаи "Чопкунӣ"-ро пахш намоед

14. Ҳисоботро чоп намоед

Назад